роҳбарият
Директори генералӣ
Муродализода Ҷамшед Муродалӣ
Муродализода Ҷамшед Муродалӣ 18-уми январи соли 1987 дар ноҳияи Данғара дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 2006 ба факултети таърих шуъбаи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил шуда, соли 2011 онро бо ихтисоси муносибатҳои байналмилалӣ (дипломат) хатм намудааст.
Муродализода Ҷ.М. баҳри рушди донишҳои назариявию амалӣ фаъолияти пурсамар бурда, дар вазифаҳои сармутахассиси бахши робитаҳои байналмилалӣ ва татбиқи грантҳои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҳоло АИДнПҶТ) аз соли 2015 то соли 2017, ходими илмӣ, ходими калони илмии шуъбаи фанҳои ҷомеашиносии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи А. Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон аз соли 2017 то соли 2019, сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси ДИДнПҶТ аз 17.04.2019 то 1.05.2019, муовин оид ба таълими факултети идоракунии давлатии ДИДнПҶТ аз 1.05.2019 то 14.02.2020 кору фаъолият намудааст. Аз 14.02.2020 то инҷониб директори генералии Муассисаи давлатии “Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар давоми фаъолияти меҳнатӣ Муродализода Ҷ.М. худро шахси масъулиятшинос, ботамкин, мушоҳидакор, хушмуомила, инсондўст, меҳнатдўст нишон дода, тамоми корҳои ба зиммааш гузошташударо саривақт бо сифати баланди касбӣ иҷро мекунад. Дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ мунтазам ширкат варзида, муносибаташ бо коллективи меҳнатӣ яксон буда, фаъолияти таълимию тарбиявиро ба таври назаррас ба пеш мебарад. Маҳз ҳамин хислатҳои наҷибонааш аст, ки дар байни коллективи меҳнатӣ ва шогирдон эҳтироми хоссаро соҳиб гаштааст. Ин хислатҳои матлубаш аст, ки бо ИФТИХОРНОМАИ ректори ДИДнПҶТ ва аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Муродализода Ҷ.М. дар соҳаи илм низ муваффақиятҳои назаррас дошта муаллифи 12 асарҳои илмӣ-омавӣ мебошад. Дар мавзӯи “Нақши Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон ба Маҷлиси Олӣ дар раванди дигаргуниҳои ҷомеаи муосири Тоҷикистон” таҳқиқоти илмӣ бурда истодааст.