Дар бораи мо
Муассисаи давлатии “Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара”
Муассисаи давлатии “Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара”
Муассисаи давлатии «Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара» бо мақсади таъмини дастёбии озодонаи шаҳрвандон ба фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ, арзишҳо ва дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ, ҳавасмандгардонии шаҳрвандон ба эҷодиёти бадеӣ, аз ҷумла худфаъолияти бадеӣ, худомўзӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, сайқал додани истеъдодҳо, ташкили фаъолияти самарабахши фарҳангӣ- фароғатии аҳолӣ, ҳамчун муассисаи давлатии эҷодӣ-консертӣ бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2019 № 583 таъсис дода шудааст.
Муассиса фаъолияти худро тибқи меъёрҳои муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаромиоишҳои Вазири фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Муассисаи давлатии «Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара» ба роҳбарӣ мегирад.
Мақсади асосии Қасри ҷумҳуриявӣ таъмини дастёбии озодонаи шаҳрвандон ба фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ, арзишҳо ва дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ, ҳавасмандгардонии шаҳрвандон ба эҷодиёти бадеӣ, аз ҷумла худфаъолияти бадеӣ, худомӯзӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, сайқал додани истеъдодҳо, ташкили фаъолияти самарабахши фарҳангӣ-фароғатӣ ва қонеъгардонии ниёзҳои маънавӣ ва фарҳангии аҳолии тамоми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Инчунин, ташкил ва баргузории намоишҳо, шабнишиниҳои гуногуни мавзӯӣ, ҳамоишҳои эҷодӣ, вохӯриҳо, барномаҳои консертӣ, театришуда, иттилоотӣ-намоишӣ, ҷашну маросимҳо, фестивалу озмунҳо ва дигар маъракаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ки ба эҳё, ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ равона карда шудаанд амалӣ карда мешавад.
Дар муассиса китобхона ва китобхонаи электронӣ, осорхона, оркестри созҳои миллӣ, ансанбли тарона ва рақс, ансанбли рақсии балет, театри халқӣ ва дигар шуъбаву бахшҳо амал мекунад.
Дар муассиса маркази таълимии «Ҷиллои илм» барои курсҳои сертификатсионӣ фаъолият дорад. Дар баробари пешбурди омӯзиши курсҳои забонҳои хориҷӣ, дўзандагӣ, пазандагӣ барои ҷалби наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ баҳри дар амал тадбиқ намудани супоришҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ маҳфили 20 солаи омӯзиши илмҳои дақиқ, риёзиву табиатшиносӣ ташкил карда шудааст. Дар маҳфил омӯзгорони пуртаҷриба ҷалб карда шудааст, ки онҳо шогирдонро дар рӯҳияи илмомӯзӣ тарбия менамоянд. Ошхонаи муассиса дар як вақт метавонад ба 128 нафар хизмат расорнад.
Баҳри пешгирии муноқишаҳои оилавӣ, шомилшавии ҷаавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, амалҳои номатлуби коррупсионӣ, террористӣ, экстремистӣ, одамрабоӣ ва қочоқи маводи муходдир дар муассиса Маркази ҳуқуқи кӯдак ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва Маркази мубориза бо коррупсия, терроризм ва экстемизм, қочоқи маводи муходдир ва одамрабоӣ фаъолият мекунад. Мақсад аз таъсиси марказҳо ҷалби кормандон ба корҳои илмию тарбиявӣ ва устувор будан дар мубориза бар зидди амалҳои номатлуб мебошад.
Толор
ТОЛОРИ ҚАСРИ ФАРҲАНГ БАРОИ 700 ҶОИ НИШАСТ БО МАНИТОРИ КАЛОНИ ЭЛЕКТРОНӢ, ТАҶҲИЗОТИ ТАҚВИЯТИ САДО ВА РАВШАННАМОИИ САҲНА ТАЪМИН МЕБОШАД
Даромадгоҳ
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “ҚАСРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФАРҲАНГИ ДАНҒАРА” АЗ 4-ОШЁНА ВА ТАГХОНА ИБОРАТ АСТ.
КИТОБХОНА
ҚИРОАТХОНА ВА ХАЗИНАИ НИГОҲДОРИИ КИТОБ
КИТОБХОНАИ ЭЛЕКТРОНӢ
ИСНОТ (ССЫЛКА): KITOBKHONA.QJF.TJ
СИНФХОНАИ ДӮЗАНДАГӢ
СИНФХОНАИ ДӮЗАНДАГӢ БАРОИ ОМӮЗИШӢ КУРСҲОИ СЕРТИФИКАТСИОНӢ, ТАРҲРЕЗӢ ВА ДӮХТИ ЛИБОС БО МОШИНАҲОИ ЗАМОНАВӢ ТАЪМИН МЕБОШАД.
ОШХОНА
ОШХОНАИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “ҚАСРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФАРҲАНГИ ДАНҒАРА” БО ХӮРОКҲОИ МИЛЛӢ ВА АВРУПОӢ БО 128 ҶОИ НИШАСТ ТАЪМИН МЕБОШАД.
ТОЛОРИ КОНФРОНСӢ
ТОЛОР БАРОИ ГУЗАРОНИДАНИ МАҲФИЛҲОИ ИЛМӢ-ОМАВӢ ВА КОНФЕРЕНСИЯҲО.
ДОРОИ 176 ҶОИ НИШАСТ.
СИНФХОНАИ КОМПЮТЕРӢ
СИНФХОНАИ КОМПЮТЕРӢ БАРОИ ГУЗАРОНИДАНИ КУРСҲОИ КУТОҲМУДДАТИ
ОМӮЗИШӢ ИНФОРМАТИКА ДОРОИ 20 НАФАР ҶОИ НИШАСТ.
ТОЛОРИ ЗИЁФАТ
ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “ҚАСРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ФАРҲАНГИ ДАНҒАРА” ТОЛОРИ ЗИЁФАТ БАРОИ 96 ҶОИ НИШАСТ ТАЪМИН МЕБОШАД
ОСОРХОНА
ДАР ОСОРХОНА НИГОРАҲО ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАНОБИ ОЛИ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР САВХОЗИ БА НОМИ В.И.ЛЕНИН ҶОЙГИР КАРДА ШУДААСТ
мАҳФИЛИ 20 СОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ
ДАР МАҳФИЛ ОМӮЗГОРОНИ ПУРТАҶРИБА ВА МУҲАСИЛИНИ ЛАЁқАТМАНД БАҲРИ САЙҚАЛ ДОДАНИ ДОНИШҲОИ ТАБИИЮ ДАҚИҚ ҶАЛБ МЕГАРДАНД. ИН ЧУНИН, МАҳФИЛ БАРОИ ОМОДА КАРДАНИ ДОВТАЛАБОН БА МАКОТИБИ ОЛИИ СОҲАИ ТИБ ОМОДА КАРДА МЕШАВАНД
ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ
СИНФХОНАИ рАССОМӢ
Маркази таълимии "Ҷилои илм" баРОИ курсҳои сертификатсионӣ
ДАР МАРКАЗ КАСБОМӮЗОН АЗ РӮИ РАВИҲОИ ЗЕРИН ТАЪЛИМ ДОДА МЕШАВАНД:
1. Ошпазӣ (хӯрокҳои миллӣ)
2 . Дӯзандагӣ
3. Пазандагӣ
4 . Рассомӣ
5. Асосҳои кор бо компютер
6. Забони русӣ
7 . Забони англисӣ
8 . Забони олмонӣ
9. Забони хитоӣ