Конференсияи илмӣ-маърифатӣ дар мавзӯи
“Парчам рамзи пойдории давлат ва миллат”
Санаи 20.11.2024 бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тҷикистон дар толори Муассисаи давлатии “Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара” Конференсияи илмӣ-маърифатӣ дар мавзӯи “Парчам рамзи пойдории давлат ва миллат” баргузор гардид.
Конференсия дар ду қисм: илмӣ ва фарҳангӣ гузаронида шуд. Дар қисми аввал роҳбари Муассиса Муродализода Ҷамшед кори конфренсияро оғоз намуд.
Қайд карда шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳури Тоҷикистон соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон тасдиқ гардида, аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон башорат дод. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати миллӣ, шукуфоии кишвар, истиқлоляти комил ва умед ба фардои нек мебошад. Парчами давлатии мо инъикоскунандаи расму оинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакт буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерую қуввати созандагӣ мебахшад.
Сипас, аз ҷониби кормандон дар мавзӯъҳои: “Парчам рамзи пойдории давлат”, “Парчам рамзи соҳибистиқлолӣ”, “Парчам рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат” ва “Таърихи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърузаҳо шунида шуд.
Қисмати дуюми чорабинӣ бо пешкаши барномаи фарҳангӣ-театрӣ аз ҷониби ҳунармандони Муассиса баргузор гашт.